Китоби Сурхи Точикистон скачать

      Комментарии к записи Китоби Сурхи Точикистон скачать отключены

Уважаемый гость, на данной странице Вам доступен материал по теме: Китоби Сурхи Точикистон скачать. Скачивание возможно на компьютер и телефон через торрент, а также сервер загрузок по ссылке ниже. Рекомендуем также другие статьи из категории «Бланки».

Китоби Сурхи Точикистон скачать.rar
Закачек 3545
Средняя скорость 8567 Kb/s

Китоби Сурхи Точикистон скачать

Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон — ҳуҷҷати расмии давлатӣ буда, дар он маълумот оид ба намудҳои нодири набототу ҳайвоноти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба муҳофизат ниёз доранд, гирд оварда шудааст.

Зарурияти ҳифзи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордоштаи набототу ҳайвонотро ба эътибор гирифта 1 марти соли 1979 бо қарори Совети Вазирони Тоҷикистон Китоби сурхи Тоҷикистон таъсис дода шуд. Нашри якуми Китоби сурхи Тоҷикистон таҳти роҳбарӣ ва иштироки бевоситаи олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин маротиба соли 1988 ба забони русӣ ва соли 1997 ба забони тоҷикӣ нашр гардидааст.

Нашри аввал Вироиш

Дар нашри якуми Китоби сурхи Тоҷикистон 162 намуди ҳайвонот ва 226 намуди растаниҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ дохил гардида буд. Нашри аввали Китоби сурхи Тоҷикистон тӯли қариб 30 соли охир дар ҳифз ва нигоҳдории гуногунии биологии Тоҷикистон нақши муҳим бозид. Дар асоси маълумотҳои ин китоб оид ба ҳифзи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордоштаи набототу ҳайвонот чораҳои муассир таҳия ва амалӣ карда шуданд. [1]

Нашри дуюм Вироиш

Бо назардошти зарурияти омода намудани нашри дуюми Китоби сурхи Тоҷикистон, дар асоси фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2009 таҳти № 121­ф гурӯҳи корӣ оид ба таҳия намудани Низомномаи нави Китоби сурхи Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ба ҳайати он олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутахассисони салоҳиятдори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардиданд. Аз ҷониби гурӯҳи корӣ Низомномаи нави Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шуда, бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа карда шуд. Низомномаи нави Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2010 № 387 тасдиқ карда шуд ва он ҳуҷҷати асосӣ барои омода намудани нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

Барои омода намудани нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 42 нафар олимон ва мутахассисони намоёни соҳаи ботаника ва зоология ҷалб карда шуданд.

Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуд растаниҳо ва 222 намуд ҳайвоноте, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доранд дохил карда шудааст. Номгӯи намудҳои олами набототу ҳайвоноте, ки ба нашри дуюми Китоби сурхи Тоҷикистон тавсия карда шудаанд, бо қарори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи 2014 № 11 ва қарори комиссия оид ба олами набототу ҳайвоноти нодир ва зери хатари маҳвшавӣ қарордоштаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 октябри соли 2014 № 1 тасдиқ карда шудааст.

Вазифаи асосии Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси меъёру категорияҳои муқарраргардидаи Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат (ИБҲТ) арзёбӣ намудани ҳолати ҳифзи намуду зернамудҳои олами набототу ҳайвоноте мебошад, ки шумораашон маҳдуд гардида, ё ба ҳадди нестӣ расида, ба онҳо хатари маҳвшавӣ таҳдид мекунад. [2]

Дар нашри дуюми Китоби сурхи ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои олами набототу ҳайвонот дар асоси талаботҳои Иттиҳоди байналхалқии ҳифзи табиат аз рӯи категорияҳои зерин арзёбӣ карда шудааст:

  • EX (Extinct) — Намудҳои маҳвгардида.
  • EW (Extinct in the wild) — Намудҳое, ки дар табиат маҳв гардидаанд.
  • CR (Critically Endangered) — Намудҳое, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор доранд.
  • EN (Endangered) — Намудҳое, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доранд.
  • VU (Vulnerable) — Намудҳои осебпазир.

Чаро набототу ҳайвонот аз байн мераванд?

Инсон дар тӯли сад соли охир барои расидан ба ҳадафҳои худ миқдори зиёди захираҳои табииро мавриди истифода қарор дод, ки бар хилофи қонунҳои табиӣ – экологӣ буда, боиси аз байн рафтани 778 намуди олами набототу ҳайвонот гардид. Бо таъсири баланди фаъолияти хоҷагидории инсон суръати маҳвшавии олами набототу ҳайвонот дар сайёра 2 – 2,3 маротиба зиёд шудааст.

Аз рӯи мушоҳидаҳои олимон, рух додани ҳодисаи тағирёбии хусусиятҳои генетикидоштаи намудҳои олами набототу ҳайвонот дар сайёра ба маҳвшавии намудҳои мавҷудоти зинда, кандашавии занҷири ғизо, инчунин ба ивазшавии муҳити зисти экологӣ оварда мерасонад. Аз ин лиҳоз, бо мақсади рафъи мушкилоти ҷойдошта ва ҳифзу барқарорсозии олами набототу ҳайвонот, экосистемаҳои табиӣ ва гуногунии биологӣ соли 1972 Ассамблеяи генералии СММ «Ҳифзи муҳити зист» эълон намуд.

Табиати нодири Тоҷикистон ба вазъи экологӣ –глобалии сайёра таъсири назаррас мерасонад ва мувозинати экологиро дар минтақаи Осиёи Марказӣ таъмин менамояд. Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2004 бо мақсади ҳифзу нигоҳдории экосистемаҳои табиии нодиру камёб (олами наботот ва ҳайвонот, ландшафтҳои табиӣ, ёдгориҳои табиӣ- таърихӣ ва маданӣ) таҳия ва амалӣ намудани корҳои илмию тадқиқотӣ ва мониторинги мувозинати экологӣ ва рекреатсия, ҷорӣ намудани механизмҳои устувори истифодабарии захираҳои табиӣ барои пешбурд ва идоракунии масъалаҳои мазкур мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Муассисаҳои давлатии ҳудуди табиии махсус муҳофизатшавандаи Тоҷикистон ба 3,1млн. га баробар мебошад, ки ин 22,1 % масоҳати Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Дар тобеъияти муассисаҳои давлатии ҳудуди табиии махсус муҳофизатшаванда 4 мамнуъгоҳи давлатӣ («Бешаи палангон», «Ромит», «Даштиҷум», «Зоркул»), 2 парки табии («Сари Хосор», «Ширкент») ва боғи миллӣ дар ҳудудҳои ВМКБ, Лахш, Сангвор бо мақсади ҳифзу нигоҳдории популятсияҳои гуногуни олами набототу ҳайвоноти кишвар таъсис дода шудаанд.

Бо мақсади амалисозии масъалаҳои муҳими экологӣ дар доираи нақшаи миллии “Амалиёт оид ба беҳдошти муҳити зист” дар Тоҷикистон тадбирҳои зерин аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андешида шудааст:

— қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда», «Дар бораи ҳифзи олами ҳайвонот» ва «Дар бораи мониторинги экологӣ» қабул карда шуданд;

— нақшаи миллии амалиёт оид ба мубориза алайҳи биёбоншавӣ кашида шуд;

— Стратегияи миллӣ ва нақшаи амалиёт барои нигоҳдорӣ ва истифодаи оқилонаи гуногунии биологии ҶумҳурииТоҷикистон татбиқ гашт;

— нақшаи миллии амалиёт оид ба ҳифзи муҳити зист, Консепсияи гузориши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди устувор ва Консепсияи ҳифзи муҳити зист қабул карда шуд.

Аммо бо вуҷуди ин дар Тоҷикистон кам шудани теъдоди набототу ҳайвоноти нодир рӯ ба афзоиш дорад (нигаред ба ҷадвал). Бинобар ин, сохторҳои марбутаро лозим аст, ки сари ин масъала чораҳо андешанд, то ин ки ҳайвоноту набототи нодир пурра рӯ ба нестшавӣ наоранд ва Китоби сурхи Тоҷикистон сурхтар нашавад.

Рӯйхати олами ҳайвонот ва набототи

Тоҷикистон, ки рӯ ба нестшавӣ овардаанд

Дар рӯйхати мазкур 43 намуд ва зернамуди паррандагон, ки дар нашри охирин (дуюм)-и Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015) [1] оварда шудаст, ки дар муқоиса бо нашри қаблӣ 6 намуд ва зернамуд бештар мебошад [2] .

Ба шарофати ташкилоти дархостгари Кусавлисай, бо сабаби барқарор кардани шумора Кабутари ҷангалӣ (Вяхир) аз китоби сурх хориҷ карда шуд.

Категорияҳои дар асоси талаботҳои Иттиҳоди байналхалқии ҳифзи табиат арзёбишуда:

  • EX — Намудҳои маҳвгардида.
  • EW — Намудҳое, ки дар табиат маҳв гардидаанд.
  • CR — Намудҳое, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор доранд.
  • EN — Намудҳое, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доранд.
  • VU — Намудҳои осебпазир.

Номи қатор, оила ва намудҳои зерин ба тартиби алифбо номбар шудаанд. Номи лотинии намуд ва зернамуд мутобиқ ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст.

Статус, численность и распространение на территории Таджикистана

Гнездовой, перелётный вид.
Численность: 6 пар гнездится близ кишлаков Кулканд, Навгилем, Чилгази Исфаринского района Согдийской области (общая численность популяции — 24 птицы). В долинах Сырдарьи и Зеравшана в зимний период фиксируется от 10 до 50 особей.
Распространение: Долины рек Зеравшан и Сырдарья. В 1908 году отмечались гнездования близ рек Исфара и Матча. В 1934—1935 годах встречался на Гиссарском хребте, долине Кафирнигана, близ Сарикишти и Душанбе.

Гнездовой, перелётный вид. Входит в перечень видов, указанных в Приложении №2 Конвенции CITES.
Численность: Популяция оценивается в 34 особи.
Распространение: Долины рек Зеравшан и Кафирниган. Во время миграций — долины рек Сырдарья, Вахш, Пяндж (зафиксировано); Гунт и Искандеркуль (предположительно). В начале XX века — Хирманджоу, Чубек.


Статьи по теме